Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки зилзилаи рӯзи гузашта дар қаламрави кишвар хисороти молӣ дар пай доштааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон паёмади заминларзаи рӯзи 20 майро натиҷагирӣ намуда иттилоъ дод, ки дар ноҳияҳои Тавилдараву Балҷувон ва шаҳри Роғун бар асари зилзила мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва хонаҳои истиқоматӣ зарар дидаанд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 21 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки комиссияи тафтишотии заминларзаи рӯзи чоршанбе дар шаҳри Роғун мушаххас кардааст, ки бар асари зилзила деворҳои се синфхонаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 1 рахна хӯрданд. Бо ин ҳол, комиссия тавсия додааст, ки идомаи таҳсил дар ин мактаб имконпазир аст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар ноҳияи Балҷувони минтақа Кӯлоб бар асари шиддати заминларза ярч фаромада, дар деҳаи Мулоконӣ 20 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст. Ҳамчунин дар ноҳияи Талвилдара бар асари зилзила бинои мактаби деҳаи Косагарон ва дар ҷамоати Чилдара мактаби рақами 3 зарар дидаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир комиссия махсус дар ин навоҳӣ зарари ворида аз зилзилаи рӯзи гузаштаро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Соати 8:32-и рӯзи чоршанбе Тоҷикистонро зилзила такон дод ва бархе аз марказҳои зилзиласанҷии ҷаҳонӣ онро ба 5,5 ё 5,6 бал баробар донистаанд.