Таҳсилкардаи Амрико муовини раиси Бонки миллӣ шуд

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 май номзадии Умед Латифов, Сироҷиддин Икромов ва Лола Салимоваро ба мақоми муовинони раиси Бонки миллӣ тасдиқ кард. Ин се нафар бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 13 май ба ин мақомҳо таъйин шудаанд. Дар ибтидои моҳи май Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки миллӣ ва ҳамаи муовинонашро барканор карда, Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро раис ва домодаш Ҷамолиддин Нуралиевро муовини якуми раиси Бонки миллӣ таъйин карда буд.

Табдили раҳбарони Бонки миллӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки қурби пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ - дар муқобили доллару евро пойин мерафт ва ин ҳол бесомониҳоеро дар бозори асъор ба вуҷуд оварда буд.

Аз миёни муовинони раиси Бонки миллӣ ҷавонтаринаш Умед Латифов мебошад, ки тавре раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров муаррифиаш кард, ҳамагӣ 38 сол дошта, дар аёлати Калифорнияи Амрико таҳсил кардааст.