Пули телефони "Вавилон" - бо корти бонк

Ширкати “Вавилон Мобайл” рӯзи 18 май эълон кард, ки муштариёнаш аз ин ба баъд метавонанд ҳисоби телефонҳои худро аз тариқи кортҳои бонкӣ низ пур кунанд. Аммо ин навъи хадамаи ин ширкат дар ҳоли ҳозир танҳо барои кортҳои бонкии баровардаи 9 кишвари пасошӯравӣ - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Украина, Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистону Арманистон – имконпазир будааст. “Вавилон Мобайл” бузургтарин ширкати телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, шумори муштариёнашро беш аз 3 миллион нафар мегӯяд. Ин ширкат аз соли 2003 дар Тоҷикистон кор мекунад.