Сафари ноиби раиси Бонки рушди Чин ба Тоҷикистон

Имрӯз, душанбеи 18 май ноиби президенти Бонки рушди Чин вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шудааст. Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Сиаою Жао, ноиби президенти Бонки рушди Чин бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон омадааст. Интизор меравад, ҷаноби Сиаою Жао дар ин сафар бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор ва вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ин бонк бо Тоҷикистонро баҳсу баррасӣ кунад. Ҳамчунин қарор аст, ҷаноби Сиаою Жао ба иҷрои бархе аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ адр Тоҷикистон дидан намояд. Сиаою Жао дар чор соли пеш ба манзури ширкат дар маросими оғози бозсохти шоҳроҳи “Душанбе – Турсунзода - Пахтаобод”, ки ба таърихи 7-уми ноябри соли 2011 сурат гирфта буд, ба Тоҷикистон омада буд.

Роҳи Душанбе -Турсунзода 61,5 километрро ташкил дода, маблағи умумии ин барнома, 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 120 миллион доллараш гранти Бонки Осиёии Рушд, 39 миллион доллараш cаҳми Тоҷикистон ва 27 миллион доллари амрикоӣ қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тавсеа ташкил медиҳад. Ин тарҳ сохтмони коридори 57-километриро дар навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзодаро низ дар бар дорад.

Ҳамчунин Бонки давлатии рушди Чин ба манзури мусоидат ба рушди риштаи кишоварзӣ, тиҷорати хурду миёна ва равобити тиҷоратии миёни Пекину Душанбе ба Тоҷикистон дар панҷ соли пеш маблағи10 миллион доллар ихтисос дода буд. Ҳамакнун, Чин яке аз кишварҳои муҳим ва бузурги сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.