Вазорати умури хориҷии ИМА аз ҳукми додгоҳи ҷурму ҷиноёти Қоҳира, ки раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсиро ба эъдом маҳкум кардааст, изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти вазорат, ки рӯзи якшнабе нашр шуд, омадааст, “мо аз ҳукми дастаҷамъонаи эъдом, ки додгоҳи Миср дар баробари беш аз сад нафар, аз ҷумла, раисиҷумҳури пешин Мурсӣ содир кардааст, сахт дар ташвишем”. ИМА мегӯяд, ки аз ин пеш чандин бор ҳукми дастаҷамъонаро маҳкум кардааст, зеро он “мухолифи ӯҳдадориҳои байнулмилалии Миср ва волояти қонун аст”.
Аз ин пеш раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайид Эрдуғон ҳам аз ҳукми додгоҳи Қоҳира нисбати Муҳаммад Мурсӣ интиқод карда буд.
Додгоҳи ҷурму ҷиноёти Қоҳира рӯзи шанбе ҳукми Муҳаммад Мурсӣ ва боз чанд раҳбари гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” аз рӯи ду парванда – хиёнат ба давлату ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ ва фирори дастаҷамъона аз маҳбас дар соли 2011-ро эълон кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ҳукм оид ба хиёнат ба давлату ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ аз Муҳаммад Мурсӣ ном бурда нашудааст, вале номи ӯ миёни 106 нафарест, ки дар робита ба қазияи фирор аз зиндон муҷозот шудаанд.
Муҳаммад Мурсӣ нахустин сарвари Миср аст, ки дар натиҷаи интихоботи демократӣ сари қудрат омада буд. Расо баъд аз як соли раҳбарияш – моҳи июли соли 2013 низомиён ӯро аз мақом барканор карданд. Ба думболи ин фаъолияти гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин”, ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд.