Додгоҳи ноҳияи Ғончии вилояти Суғд як занро барои ташкили ҳамнишинии ҳамсинфони духтараш 4 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Додгоҳ Гулчеҳра Ғафурова, сокини деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Ғончиро ба он гунаҳкор медонад, ки ӯ қабл аз маросими издивоҷи духтараш 8 ҳамсинф ва 6 наздики домодшавандаашро ба манзили зисташ даъват намуда, “маросими гаштак” ташкил кардааст.
Тавре аз Додгоҳи Ғончӣ хабар доданд, ин зан бо ташкили “маросими гаштак” моддаи 481-и Кодекси маъмурии Тоҷикистонро нақз намуда аст, ки он ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳоро дар назар дорад. Ҳамчунин, Додгоҳи Ғончӣ Абдураҳим Ғафуров, як сокини дигари ин ноҳияро барои баргузор кардани маросими фотиҳаи тӯйи духтараш бо иштироки 15 нафар ва додани се навъи таом ба меҳмонон 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.
Масъулини додгоҳ мегӯянд, ин ду парванда бар асоси иҷрои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» баррасӣ шудааст. Ин қонун аз соли 2007 дар Тоҷикистон амал мекунад ва ба гуфтаи таҳиякунандагонаш ҳадаф ба танзим даровардани маъракаҳои серхарҷ миёни сокинони кишвар аст.