Вакили Р.Ҷӯраев: Қасдан куштани Зиёдбек дар додгоҳ тасдиқ нашуд

Рустам Ҷӯраев

Вакилони мудофеи Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек" ва ду ҳамроҳи ӯ, ки аз 16 то 17.5 сол зиндонӣ шуданд, мегӯянд, ки бозбинии парвандаро тақозо хоҳанд кард.

Абдуқаҳҳор Ғафуров, вакили мудофеи Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки аз ҳукми зиндони нафари таҳти ҳимояташ розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд. Ӯ рӯзи 15 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар аъмоли зерҳимояам ва шарикони вай таркиби ҷиноятҳои қасдан ва бо маслиҳати пешакӣ одамкушӣ вуҷуд надорад ва аз ин рӯ ҳукм воқеӣ нест."

Вай афзуд, Рустам Ҷӯраев ва ҳамроҳони ӯ қасди куштани Зиёдбекро надоштаанд ва ин масъала дар додгоҳ низ тасдиқ нашудааст. "Ҳамин тавр, айби "дузанагӣ"-и зерҳимояам низ бо далелҳо исботи худро наёфт. Вале намедонам чаро додгоҳ чунин қарор қабул кард?”--суол гузошт Абдуқаҳҳор Ғафуров.

Назди бинои Додгоҳи вилояти Суғд

​Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар куштори Зиёдбек Ҷӯраев -- хонандаи мактаб-интернати шаҳри Чкалов ва, инчунин, дузанагӣ айбдор шуда, ба 17.5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид. Ин ҳукмро Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 15 май эълон кард. Қаблан, намояндаи додситонӣ барои раиси бозори "Назари нек" бист соли зиндон хоста буд.

Аҳлидин Файзиев, сардори бахши бехатарӣ ва Бобурҷон Юсуфов, посбони бозори "Назари нек" бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ - 104, қисми 2 -- "куштори инсон" ва 112 -- "қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ" гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадом ба 16 солу 3-моҳии зиндон маҳкум шуданд. Содиқ Ваҳҳобзода, додраси парванда гуфт, ки Абдунабӣ Тоҷиев, сардори ошхонаи бозорро, ки барои "хабар надодан" ба мақомот айбдор мешуд, аз ҷавобгарӣ озод намудааст.

Аммо Додгоҳи вилояти Суғд аз додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақозо кард, ки латту кӯби Эраҷ Исоев, аз ҳамсабақони марҳум Зиёдбек Ҷӯраев ва бозпурсии тӯлонияш аз сӯи маъмурони пулисро алоҳида таҳқиқ кунад.

Назаршейх Назаров, вакили мудофеи Зиёдбек ва Эраҷ, баъд аз анҷоми мурофиа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гумон доштанд, ки додгоҳ раиси бозор ва шарикони ӯро барои "одамкушӣ" айбдор намекунад. "Лекин имрӯз додгоҳ ба хулосаи қатъӣ омад, ки дар кирдори ҷиноии айбдоршудагон маҳз ҷинояти "одамкушӣ" вуҷуд дорад,"-- афзуд вай.

Дар рӯзи эълони ҳукм дар толори мурофиа Эраҷ Исоев ва мудири парваришгоҳи шаҳри Чкалов ҳузур надоштанд. Қаҳрамон Умаров, мудири ин парваришгоҳ гуфт, ба хотири ҳифзи сиҳативу латмаи рӯҳӣ нагирифтани шогирдаш аз иштирок худдорӣ карданд. Аксари кулли ҳозирони толори мурофиа пайвандону наздикон ва ҳамкорони раиси бозору зердастонаш буданд. Онҳо баъд аз анҷоми мурофиа бо норизоӣ аз ҳукми додгоҳ шӯре барпо карданд.

Зиёдбек Ҷӯраев ва Эраҷ Исоев, хонандаҳои 16 ва 17-солаи парваришгоҳи Чкаловро шаби 15 ба 16 январи соли ҷорӣ муҳофизони бозори "Назари нек" дар ноҳияи Ғафуров дар як мағозаи ин бозор дастгир мекунанд. Аммо раиси бозор ва муҳофизон ба ҷои ба милиса супурдани ин ноболиғон онҳоро якҷоя зери мушту лагад мегиранд. Дар натиҷа Зиёдбек дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, Эраҷ бо осеби мағзи сар ба бемористони шаҳри Чкалов интиқол дода мешавад.

Баррасии парвандаи раис, раҳбари бахши бехатарӣ ва посбону мудири ошхонаи бозори "Назари нек" дар додгоҳи вилояти Суғд дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ёфт. Дар замони тафтиши аввалия иттиҳоми аслӣ нисбат ба ин афрод "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" буд, аммо баъдан ба айби вазнинтари "куштор" иваз гардид.

Зиёдбек Ҷӯраев ва Эраҷ Исоев, ки падару модар надоштаанд, аз хазинаи мағозаи "Сабрина" 386 сомонӣ ва миқдоре хӯрокворӣ гирифтаанд. Зиёдбек Ҷӯраев ятими кулл аз ноҳияи Айнӣ буда, ҳамроҳ бо як хоҳару додараш дар мактаб-интернати Чкалов тарбият мегирифтанд.

Дар эътирофи аввалияи худ дар ин гуноҳ, ки тавассути шабакаи телевизионии СМ-1-и Хуҷанд ҳам намоиш дода шуд, Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ҳангоми латту кӯби наврасони ятим Зиёдбеку Эраҷ "худро идора карда натавонистааст."