14 май дар Санкт Петербург маросими муаррифии гузориши Борис Немтсов бо номи «Путин. Война» ё «Путин. Ҷанг» баргузор мешавад. Ин гузориш дар бораи ҳузури нируҳои Русия дар ҷанубу шарқи Украина мебошад.
Ин гузоришро аз номи Борис Немтсов, ки 27 феврал дар Маскав кушта шуда буд, Иля Яшин муаррифӣ мекунад. Яшин баъд аз куштори Нетсов дар таҳияи ин гузориш ба чоп ширкат доштааст.
Дар гузориш аз ҷумла гуфта мешавад, ки моҳҳои январ-феврали соли 2015 дар ҷараёни даргириҳо дар Дебалтсево воқеъ дар вилояти Донбасс тақрибан 70 нафар низомиёни Русия ба қатл расидаанд.
Моҳи августи соли 2014 дар Иловайск ҳангоми боздоштани пешравии нируҳои артиши Украина 150 низомии Русия ҷон бохтаанд. Хешовандони кушташудагон ба Немтсов гуфтаанд, ки пеш аз фиристодан ба Украина сарбозонро аз хидмати аскарӣ рухсат кардаанд ва онҳоро чун довталаб ба он ҷо фиристодаанд.
Гузориши «Путин. Война» 3 ҳазор нусха ба чоп расидааст ва 14 чопхона аз бими фишори мақомот ба чопи он розӣ нашудаанд.