Се ноиби раиси Бонки миллӣ муайян шуданд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон муовинони нави раиси Бонки Миллии Тоҷикистонро таъйн кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 май бо судури фармонҳои алоҳида Сироҷиддин Икромов, Умед Латифов ва Лола Салимоваро муовинони раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таъйин кард. Фармони раиси ҷумҳур дар мавриди ин таъйинот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудааст.

Муовини навтаъйини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов қаблан дар мақомои муовини раиси раёсати бонки давалатии амонатгузории “Амонатбонк” кор мекард. Ҳоло бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмудов ба ҷои Сироҷиддин Икромов муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» таъин шудааст.

Ба иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Абдуманнон Саидов аз мақоми муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” озод шуда ва муовини аввали раиси ҳамин бонк таъйин шудааст. Исломиддин Раҳмонов ба ҷои ӯ муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии «Амонатбонк» таъйин шудааст.

Ин ҷобаҷогузори кадрӣ дар системаи бонкии Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ва муовинонаш аз мақомашон барканор шуда буданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзодаро раиси Бонки Миллӣ ва домодаш Ҷамолиддин Нуралиевро муовини аввали ӯ таъйн карда буд.