Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 12-уми май дар шаҳри Сочи мулоқот мекунад. Дар ин бора вазоратҳои умури дохилии ҳарду кишвар рӯзи 11-уми май хабар доданд. Ба гуфтаи Мари Ҳарф, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, дар ин мулоқот, ки дар он Сергей Лавров, ҳамтои русаш ширкат мекунад, нооромиҳои Украина, Сурия ва Яман баррасӣ мешавад. Пештар аз ин манобеи дипломатии Русия ба хабаргузории РИА Новости гуфтанд, Русия умедвор аст, ки Ҷон Керрӣ бо пешниҳодҳои нави ҳалли муноқиша дар Украина меояд. Бо вуҷуди созиши оташбаси ҳосилшуда бо миёнҷигарии Олмону Фаронса дар моҳи феврали имсол, даргириҳои пароканда миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Украина идома дорад. Кишварҳои ғарбӣ ва Украина мегӯянд, ки Русия ба ҷудоиталабон кӯмак мекунад, ҳарачанд Маскав ин иддаоро рад кардааст. Манобеи дипломатии Русия сафари Ҷон Керриро “бисёр муҳим” хондаанд, вале гуфтаанд, ки аз ин сафар пешрафти фавқуллодаеро интизор надоранд. Ба қавли ин манбаъ, Сергей Лавров қасд дорад, ба Ҷон Керрӣ бигуяд, ки кӯмаки низомии Амрико ба Украина ғайриқобили қабул аст.