Юнон умедвори посухи мусбати Аврупо

Нахуствазири Юнон дар Маскав

Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон, гуфт, умедвор аст, аз мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар бораи барномаи ислоҳоти иқтисодии кишвараш посухи мусбат мегирад. Ӯ дар ин робита рӯзи 11-уми май ва рӯзе пеш аз он сӯҳбат кард, ки Юнон бояд 750 миллион евро, қарзи Сандуқи Байналмилалии Пулро баргардонад. Вазирони молияи 19 кишвари ҳавзаи евро дар Иттиҳоди Аврупо рӯзи 11-уми май ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ дар Юнонро баррасӣ мекунанд. Аммо Йерун Дайселблум, вазири молияи Ҳолланд ва раҳбари Еврогруп гуфт, ҳанӯз созиш дар бораи додани кӯмаки молӣ ба Юнон дар даст нест. Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро бо раҳбарии Олмон талаб доранд, ки Юнон дар ивази гирифтани кӯмакҳои молӣ харҷҳои давлатиро кам карда ва ислоҳоти қатъии иқтисодӣ анҷом бидиҳад. Аммо ҳукумати чапгарои Юнон, ки моҳи январ ба қудрат расид, талаби сарфакорӣ аз буҷаро рад кардааст.