Сафиаллоҳ Қурбонови 35-сола кӯри модарзод нест. Ӯ дар синни дусолагӣ ба бемории сурхча гирифтор шуда ва биноияшро аз даст додааст.
Нобиноӣ танҳо иллати ин мард набуда, ӯ солҳо боз ба дарди сутунмӯҳра низ гирифтор аст. Шаш соли пеш вақте дарди камараш тоқатфарсо шуд, тасмим гирифт, барои табобати беҳтар ҳамроҳ бо зану панҷ фарзандаш аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд кӯч бандад.
Қаҳрамони мо на пул дорад ва на сарват. Ӯ дар манзили иҷора менишинад ва ҳар моҳ 300 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳад. Аммо бо ин ҳама дилаш аз зиндагӣ сард нест. Ӯ барои онҳое, ки ду чашми бино доранд, оҳанг эҷод мекунад ва дар компютер сабт менамояд.
Сафиаллоҳ сарфакор аст ва қадри пулеро, ки бо заҳмат ба даст меорад, хуб медонад. Вай кӯшиш мекунад, ҳамаи корҳои марбут ба таъмири асбобҳои мусиқиро низ худаш анҷом диҳад. Мусоҳиби мо мегӯяд, ки дар се ҷо кор мекунад ва ҳамагӣ 800 сомонӣ моҳона дорад. Ин пул барои зиндагии 7 нафар кофӣ нест. Аммо ғурури инсонии Сафиаллоҳ намегузорад, ки ӯ аз мушкилаш ба касе шикоят кунад. Фақат гоҳ-гоҳе дардашро дар шеърҳояш ифшо мекунад.
Ягона орзуи ин мард доштани манзили шахсист. Мақомоти шаҳрию вилоятӣ то ҳол аризаҳои ӯро беҷавоб гузоштаанд. Ӯ орзуяшро дар як нома ба президент фиристодааст ва мегӯяд бовар дорад, ки раисиҷумҳур номаашро беҷавоб нахоҳад гузошт.