Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдухолиқ Сӯфиев, актёр ва овозхони нобино, шефтаи Аҳмад Зоҳир


Абдухолиқ Сӯфиев овозхони оворагарду нобиноест, ки бо сурудани таронаҳои Аҳмад Зоҳир маъруф аст.
Абдухолиқ Сӯфиев овозхони оворагарду нобиноест, ки бо сурудани таронаҳои Аҳмад Зоҳир маъруф аст.

Абдухолиқ Сӯфиев овозхони оворагарду нобиноест, ки бештар бо сурудани таронаҳои Аҳмад Зоҳир маъруф аст ва дар филмҳои «Ишқ ва фалсафа»-и Мӯҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова нақш бозидааст.

Абдухолиқ Сӯфиев овозхони оворагарду нобиноест, ки бештар бо сурудани таронаҳои Аҳмад Зоҳир маъруф аст ва дар филмҳои «Ишқ ва фалсафа»-и Мӯҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова нақш бозидааст. Ӯ аз модар нобино зода шуд, ҳоло ҳамроҳ бо ҳамсараш дар хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон ба сар мебарад. Дар Рӯзи ҷаҳонии маълулон, ки ҳамасола 3-юми декабр қайд мешавад, хабарнигори Радиои Озодӣ ба дидори Абдухолиқ Суфиев рафт.

Озодӣ: Як замон расонаҳо дар бораи шумо ва сарнавиштатон зиёд менавиштанд. Аммо чанд соли охир дигар аз Шумо хабаре нест. Чӣ боис шуд, ки аз пойтахт дур шавед?

Абдухолиқ Сӯфиев дар соли 2008
Абдухолиқ Сӯфиев дар соли 2008

Абдухолиқ Сӯфиев: “Вақте, ки дар Душанбе будам, мухлисони зиёд доштам, дар мошинбозор бештар сурудхонӣ мекардам. Бо гузашти солҳо ба бемории шуш гирифтор шудам ва дигар наметавонистам дар кӯчаҳо таронасароӣ кунам. Чун танҳо мондам аз ин хотир омадам ба хонаи пиронсолон. Ҳоло бо ҳамсари дуюмам инҷо ҳастам. Ҳамсарам зани меҳрубон аст ва ҳамеша маро нигоҳубин мекунад”.

Озодӣ: Мегӯянд, бо ҳамсари дуюматон дар як маҳфиле ошно шудед ва издивоҷ бо ӯ тавсияи вакили парлумон Шодӣ Шабдолов буд, дуруст аст?

Абдухолиқ Сӯфиев: “Бале, вақте бо ҳамсари аввалам чанд сол зиндагӣ кардам, фарзандор нашудем ва ин боис шуд ки мо аз ҳам ҷудо шавем. Ҳамин тавр ҳамеша барои таронахонӣ ба маъракаҳо даъват мешудам. Як рӯз дар як маҳфил суруд мехондам ва ҳамсарам, ки он замон котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд маро он ҷо дид ва ба ман гуфт ки ман маънои сурудҳои туро хуб дарк намекунам, аммо эҳсос мекунам ки бо дард мехонӣ. Баъд Шодӣ Шабдолов ки дар ин маҳфил ҳузур дошт ба ҳамсарам, ки он замон муҷҷарад буд, маслиҳат дод то бо ман оиладор шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳоло ман бо ин ҳамсарам зиндагӣ дорам. Бо кумаки ҳамсарам тавонистам дар саҳнаҳои бузург низ таронахонӣ кунам, ҳатто дар ду филм - «Ишқ ва фалсафа»-и коргардон Мӯҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова – нақш офаридам”.

Абдухолиқ Сӯфиев овозхони оворагарду нобино
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Озодӣ: Дар бораи нақшофарӣ дар ду филм гуфтед. Як замон шикоят доштед, ки меҳнати шумо дар ин филмҳо қадр нашуд?

Абдухолиқ Сӯфиев: “Бале, ҳамин гуна буд, вақте дар филми "Овора" нақш бозидам барои ман ҳамагӣ 150 сомонӣ доданд, ки ин тамоман кам буд. Вале филми «Ишқ ва фалсафа»-и коргардон Мӯҳисни Махмалбоф барои ман шӯҳрат ҳам овард гуям, хато намекунам. Чун ин филм дар нахустин синамобазми “Дидор” намоиш дода шуд ва ман ҳам унвони беҳтарин бозингарро гирифтам”.

Аҳмад Зоҳир
Аҳмад Зоҳир

Озодӣ: Шумо шефтаи ҳунари Аҳмад Зоҳир ҳастед ва аксари сурудҳои Шумо моли ин овозхони маҳбуби Шарқ аст. Сабаб дар чист?

Абдухолиқ Сӯфиев: “Солҳои 1970 радиои Афғонистонро зиёд гӯш мекардам ва як барномаи дархостӣ ҳам дошт ва ҳамеша сурудҳои Аҳмад Зоҳир шунавонида мешуд. Ман ҳам аз ҳамон замон ба сурудҳои ӯ дил бастам. Ман боре ҳам ошиқ нашуда будам, ишқи ману муҳббати ман ҳамааш ҳамин таронаҳои Аҳмад Зоҳир аст. Агар мешуду дубора ҷавон мешудам боз ҳамин таронасароиро интихоб мекардам. Ҳарчанд кадом як мактаби мусиқиро нагузаштааст, танҳо худомӯзиву шавқу ҳавас буд”.

Озодӣ: Боре орзу доштед, ки бо худи Аҳмад Зоҳир вохӯред?

Абдухолиқ Сӯфиев: “Борҳо, вале дареғафсус, ки ман ба ин орзуям нарасидам, агар ин имкон барои ман даст медод, ҳатман як тарона бо ӯ мехондам. Ва чанд сухани дигар ҳам доштам, ки инҷо гуфта наметавонам...”

Озодӣ: Аз даврони ҷавонӣ чи хотираҳо дар ёдатон нақш бастааст?

Абдухолиқ Сӯфиев: “Аз зиндагие, ки 60 сол мегузарад, хотираҳои зиёд дорам. Замони кӯдакиву наврасии ман дар Бадахшон гузаштааст. Ҳарчанд ман нобино будам, аммо ба маҳфилҳои зиёд даъват мекарданд ва ман ҳам ҳамеша тавассути ин маҳфилҳо ғами дилро сабук мекардам. Аммо ҳоло ин имкониятҳо маҳдуд шудааст. Дар инҷо ҳастам, гоҳ-гоҳе мухлисон инҷо ҳам меоянд, вале давронӣ ҷавонӣ дигар аст”.

Озодӣ: Гуфтед, ки ҳарчанд фарзанд надоред, вале бародару хешу табори зиёд доред, касе аз он суроғатон меоянд?

Абдухолиқ Суфиев: “Гоҳ –гоҳ аз хешу таборҳо меоянд, аммо бародарон хабар намегиранд. Вале ман аз касе намеранҷам. Зиндагӣ ҳамин аст. Ман ҳарчанд нобино ҳастам вале дунёро ҳамеша равшан мебинам ва медонам ки инсонҳо ҳама мисли ман дили бузург доранд”.

XS
SM
MD
LG