Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ду кӯдаки сокини ноҳияи Ёвон дар вақти оббозӣ дар канал ғарқ шуда, ҷон бохтанд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон рӯзи 5 май ба Радиои Озодӣ гуфт, шоми рӯзи якшанбе ду хурдсол -- Алимардон Акрамови 8-сола ва Саидмуҳриддин Тоҳирови 5-сола ҳангоми оббозӣ дар канали ҷамоати Гулистони ноҳия ғарқ шуда, ҷон додаанд. Вай гуфт, наҷотбахшони шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда баъди огоҳ шудан аз ҳодисаи ғарқи кӯдакон ба ҷои ҳодиса омада, якҷо бо мардум ҷасади Алимардонро пайдо карданд ва дар соати 22:00 ҷасади дуввумиро пайдо намуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, дар канали ҷамоати Гулистон об набуд, вале бо оғози мавсими кишт, ба заминҳо об дода мешавад ва кӯдакону хурдсолони деҳоти атрофи канал, барои оббозӣ меоянд. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон бо истифода аз расонаҳои хабарӣ ба аҳолии кишвар ҳушдор дод, ки бо фарорасии фасли гармо оббозӣ дар каналу дарёҳо шурӯъ мешавад ва хонаводаҳо бояд мувозиби фарзандони хурдсоли худ бошанд.