Дар як шаҳраки воқеъ дар канори шаҳри Далласи ИМА ду марди мусаллаҳ баъди оташ кушодан дар истгоҳи мошинҳои бинои маркази санъате, ки он ҷо озмуни тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом мегузашт, кушта шуданд.
Дар ин ҳамла дар шаҳраки Гарланд, ки шоми 3 май баъд аз анҷои озмун сурат гирифт, як муҳофиз ҷароҳат бардоштааст. Ширкаткунандагони озмун ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.
Созмони Ибтикори дифоъ аз озодии Амрико барои барандаи озмуни тасвири танзомези Паёмбари ислом 10 ҳазор доллар ҷоиза таъин карда буд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.
Тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом, ки онро дар Ғарб бо озодии баён марбут мекунанд, боиси эътирози мусалмонҳо ва таҳдид аз сӯи гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи фаронсавии "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Омилони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Кучӣ ду рӯз баъд дар амалиёти вижаи полис дар як шаҳри канори Порис ба ҳалокат расиданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” бар ӯҳда гирифта буд.