Саҳнаи қатли Фархундаро намоиш доданд

Дар Афғонистон дар рӯзи дуввуми муҳокима видеои қатли Фархундаро нишон доданд, ки ӯро як издиҳоми бузурги мардон ба иттиҳоми дурӯғи оташ задани китоби Қуръон то дами марг латукуб карданд ва сипас ҷасадашро сузонданд. Додраси муҳокима рӯзи 3-уми май аз муфаттишон хост, наворҳои сабтшуда дар телефонҳои ҳамроҳро нишон бидиҳанд ва саҳнаи қатли бераҳмонаи духтари 27-солаи афғон дар рӯзи 19-уми март дар толор намоиш дода шуд. Дар курсии муҳокима 49 нафар аз ҷумла 19 маъмури пулис нишастаанд, ки онҳоро ба бемасъулиятӣ ва нотавонӣ дар пешгирии ҳамла муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, Фархунда бо муллои туморфурӯше дар бораи нодуруст будани кораш баҳс кардааст ва сипас ин мулло Фархундаро бардурӯғ ба оташ задани Қуръон муттаҳам карда ва хашми атрофиёнро барангехтааст. Қатли Фархунда сабаби тазоҳуроти бузург дар Афғонистон шуд.