Ҳушдори дипломати эронӣ ба Арабистони Саудӣ

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, муовини вазири умури хориҷии Эрон, гуфтааст, Эрон бо Яман манофеи амнияти муштарак доранд ва Эрон намегузорад, ки дигар кишварҳо ин манофеъро халалдор кунанд. Хабаргузории "Тасним" рӯзи 2-уми май аз қавли ин дипломати баландпоя навишт, ки Эрон ба дигар кишварҳо иҷоза нахоҳад дод, ки бо “моҷароҷӯии низомӣ” манофеи муштараки Эрону Яманро халалдор кунанд. Ин ишораи рӯшане ба амалиёти якмоҳаи низомии Арабистони Саудӣ аст, ки алайҳи ошӯбгарони шиамазҳаби ҳусӣ дар Яман идома медиҳад. Муносиботи Эрону Арабистони Саудӣ бинобар муноқиша дар Яман бадтар шудааст. Саудӣ бо ташкили як эътилоф амалиёти ҳавоиеро алайҳи ошӯбгарони ҳусӣ пеш мебарад, ки гуфта мешавад, Эрон онҳоро дастгирӣ мекунад. Дар муноқишаи Яман то кунун 1250 нафар кушта шудаанд.