Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия 28 апрел дар Маскав бо Ҷимӣ Картер-раиси ҷумҳури пешини Амрико ва раҳбарони пешини кишварҳои дигар мулоқот кард.
Лавров гуфт, ки Картер, Кофӣ Аннон-Дабири кулли пешини СММ ва аъзои дигари ин гурӯҳ 29 апрел бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мулоқот мекунанд.
Боздиди онҳо аз Маскав замоне сурат мегирад, ки муносибатҳои Ғарб бо Русия хеле бад шудааст, зеро моҳи марти соли 2014 Русия Қримро ба тасарруфи худ даровард ва ба ҷудоихоҳон дар шарқи Украина кӯмак мекунад.
“Гурӯҳи солмандон”-ро соли 2007 Нелсон Мандела ташкил карда буд ва ҳоло раҳбарии онро Кофӣ Аннон бар уҳда дорад. Онҳо худро гурӯҳи мустақили раҳбарони ҷаҳон медонанд ва барои сулҳу ҳуқуқи башар фаъолият мекунанд.
Лавров аз “нируву азми росихи онҳо ва омодагиашон барои ширкат дар ҳали масъалаҳои байналмиллалӣ” ситоиш кард.