Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Непал қарор доранд, хостааст, ки эҳтиёткор бошанд. Дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 25 апрел дар Непал беш аз се ҳазор нафар фавтида, ҳазорҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ҳоло сафоратҳои Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Русия барои таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои зарурӣ меандешанд ва бо онҳо дар тамосанд. Ба қавли масъулони ин ниҳод, “ҳамаи чорабиниҳои зарурӣ ва имконоти мавҷударо доир ба берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаи офатзада меандешем. Ҳамчунин масъалаи мусоидат намудан дар баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия муҳокима мегардад.”
Ин дар ҳолест, ки бархе аз тоҷикони муқими Непал субҳи 27 апрел аз худ дарак дода гуфтанд, дар хаймаҳо ба сар мебаранд. Теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Непал машғули кору зиндагиянд, рӯи даст нест.