876 нафар - қурбонии заминларзаи Непал

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Непал ба 876 нафар расид. Ба иттилои мақомоти маҳлалӣ, бештари қурбониёни офати табиӣ, ки субҳи рӯзи шанбе, 25 апрел рӯй дод, сокинони водии Катманду мебошанд.

Дар шаҳри Катманду, пойтахти Непал, даҳҳо манзили зист ва биноҳои қадима ба хок яксон шудаанд. Ба иттилои шабакаи телевизионии NDTV, дар болои манораи Дҳарара ё Бхимсен ва атрофи он садҳо нафар ҳузур доштанд. Ин манора, ки қарни 19 бунёд шудааст, аз 11 ошёна иборат аст ва ҳамарӯза ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ ба тамошои он меомаданд. Зимнан, он ҳангоми заминларзаи соли 1934 осеби ҷиддӣ дида буд.

Заминларза боиси ярч дар баландтарин қуллаи олам - Эверест шудааст. Мақомоти Непал тасмим гирифтанд, ки парвозҳо аз фурудгоҳи Катмандуро мутаваққиф кунанд.

Ба иттилои расмӣ, маркази заминларза дар 82 километрии шимолу ғарби шаҳри Катманду ҷойгир буд. Маркази зилзиласанҷии Аврупо дар Баҳри Миёназамин, мегӯяд, ки заминларза дар жарфои 31 километр аз сатҳи замин рӯй додааст.