Ҳалокати 27 нафар дар ҷангҳои Яман

Дар Яман рӯзи шанбе бар асари даргириҳо миёни шибҳанизомиёни ҳӯсӣ ва ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Абдраббу Мансур Ҳодӣ дасти кам 27 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, дар як задухӯрд дар шаҳри Делаҳ, воқеъ дар шимоли шаҳри бандарии Анад, чаҳор тан аз ҷонибдорони Мансур Ҳодӣ ва шаш ошӯбгари ҳӯсӣ кушта шуданд. Ҳашт ошӯбгари дигар ба иҳотаи низомиёни ҳукуматӣ афтода ҷон бохтанд. Дар минтақаи Лодар, воқеъ дар шарқи Яман, ба иттилои Франс—Пресс, низомиёни пуштибон аз раисиҷумҳур Мансур Ҳодӣ нӯҳ тан аз ошӯбгарони ҳӯсиро бо истифода аз гулулаандози зиддинтонкӣ нобуд карданд.

Дар худи Адан ҳам даргириҳои шадид сурат гирифтанд, ҳавопаймоҳои ҷангии Арабистони Саъудӣ ба мавқеъҳои ошӯбгарон зарба заданд.

Даргириҳо дар ҳоле идома дорад, ки СММ аз ҷонибҳо дархости қатъи низоъ ва нишастан сари мизи музокиротро кардааст. Ба иттилои Созмони Милал, шурӯъ аз охирҳои моҳи март дар Яман беш аз ҳазор нафар кушта шудаанд. Миёни онҳо тақрибан 115 кӯдак низ ҳастанд.