Р. Назарзода: Вазъ дар Афғонистон печида аст

Раиси Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоиҷкистон Рустам Назарзода мегӯяд, баъзе дастаҳои ҷунбиши тундрави Толибон ба нерӯҳои гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайвастаанд. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти афғон аз эълони ҷиҳоди зидди ҳамдигар аз тарафи Толибон ва гурӯҳи "Давлати Исломӣ" хабар додаанд. Аз ҷумла телевизиони "Тулӯъ" мегӯяд, бино бар санадҳои дарёфтӣ ДОИШ ва Толибон зидди ҳамдигар ҷиҳод эълон кардаанд. Аммо раҳбари Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоиҷкистон ба хабаргузории русии Интерфакс гуфтааст, Дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон ба сафи "Давлати Исломӣ" рехтаанд. "Бархилофи иддаои мақомоти афғон вазъ дар ин минтақаҳои шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, мураккаб боқӣ мемонад," гуфтааст Рустам Назарзода.