Тундбоди шадид дар маркази ноҳияи Фархор

Тундбоди шадиди ду рӯзи қабл ба хоҷагии қишлоқи ноҳияи Фархор хисорот ворид кардааст. Муҳаммадҷон Валиев, сардори идораи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Фархор рӯзи душанбеи 20 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи ин тундбод, болопӯши мактаби №17-и ҷамоати деҳоти Ватан пурра тахриб шуда ва ба чанде аз хонаҳои истиқоматии сокинон дар шаҳраки Фархор хисорот ворид шудааст.

Ҷаноби Валиев афзуд: «Ҳозир мо мактаб ва ошхонаи "Билол"-ро ба қайд гирифтем, ки аз шамоли тундбод зарар дидаанд. Аммо хисорот пурра ҳисобу китоб нашудааст. Сокиноне, ки аз ин тунбод зарар дида буданд ва ба мо муроҷиат карданд, мо ба қайд гирифтем.»

Як масъули ошхонаи «Билол», ки 24 соат фаъолияти корӣ дорад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "тундбоди шадид дар маркази ноҳияи Фархор, ду рӯз қабл, соатҳои 11-и шаб рух дод. Дар пайи он болопӯши мактаб ва ресторани моро ба ҳаво бурд.”

Вуқӯи тундбоди шадид дар маркази ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл, ин гуна тундбод болопӯши ҳукумати маҳаллии ноҳияи Ҷиликӯлро хароб карда буд.