Низомиёни воломақоми ироқӣ мегӯянд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ рӯзи 17 апрел чанд минтақаи атрофи корхонаи бузурги нафт дар Байҷиро таҳти назорат қарор доданд.
Генерал Айёд ал-Лаҳобӣ гуфт, артиш дар амалиёт дар вилояти Салоҳиддин бо мусоидати ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони Амрико шаҳрҳои Ал-Малҳа ва Ал-Мазрааро, ки дар тақрибан се километрии корхонаи Байҷӣ воқеъанд, аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар задухӯрдҳо барои ин шаҳрҳо тақрибан 160 тан аз ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” кушта шуданд. Генерали ироқӣ афзуд, акнун артиш барои қатъи муҳосираи ин корхонаи бузурги нафт аз сӯи ситезаҷӯён вориди набард хоҳад шуд.
Ду ҳафта пеш нерӯҳои ироқӣ шаҳри Тикритро, ки дар ҷануби ин корхона воқеъ аст, таҳти назорати худ қарор доданд.