Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дар Остона бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Дафтари матбуотии Назарбоев гуфт, ки дар музокироти 16 апрел ҳамкориҳои тиҷоратӣ, исқтисодӣ, ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт ва равобити фарҳангии ду ҷониб мавриди гуфтугӣ қарор гирифтааст.
Онҳо ҳамчунин масъалаҳои байналмиллалӣ ва минтақаиро баррасӣ кардаанд. Назарбоев гуфтааст, ки боздиди Эрдуғон ҳамкориҳои ду ҷонибро ба сатҳи нав боло мебарад. Назарбоев гуфтааст, ки Туркия зери раҳбарии Эрдуғон дар иқтисоди ҷаҳон мавқеи 16-ро ишғол мекунад.