Гуфтугӯи мустақими телевизионии Путин

Владимир Путин

16 апрел барномаи солонаи телевизионии “Гуфтугӯи мустақим бо Владимир Путин” баргузор мешавад. Ин 13-ӯмин гуфтугӯи мустақим бо Путин аст. Вай дар ҷараёни пахши зиндаи ин барнома ба суолҳои рӯзноманигорон ва сокинони Русия посух медиҳад.

Соли ҷорӣ суолҳоро на танҳо бо телефон, балки бо СМС фиристодан имконпазир аст. Гузашта аз ин бо истифода аз имкониятҳои интернетӣ суолҳоро дар видео сабт ва ба гардонандагони гуфтугӯи мустақими телевизионӣ фиристодан мумкин аст.

Маъмулан дар шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногун, аз ҷумла аз минтақаи Қрими пайваста ба Русия мақомот гуфтугӯи мустақими видеоӣ, яъне телемост созмон медиҳанд. Пештар Дмитрий Песков-сухангӯи раиси ҷумҳур гуфт, ки дар рӯзи аввали эълони телемост 9 апрел 2 миллион суол ворид шудааст.

Нахустин гуфтугӯи мустақими телевизионии Путин 24 декабри соли 2001 баргузор шуда буд ва он вақт 400 ҳазор суол ворид шуда буд ва Путин дар давоми 2 ним соат ба 46 суол ҷавоб дод.

Соли гузашта гуфтугӯи мустақим 4 соат давом кард ва Путин ба 82 суол ҷавоб гуфт. 35 суол ба масъалаҳои Қрим ва Украина ихтисос дошт.