Барномаи ҳамкориҳои марзӣ муаррифӣ шуд

Дар Бишкек Барномаи Рушди СММ “Ҳамкориҳои марзӣ ба хотири таҳкими сулҳ ва рушд” барои беҳбуди вазъ дар манотиқи марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Ҳазинаи ин барнома 3,84 миллион доллар буда 17 рустои вилояти Бодканди Қирғизистон ва 7 рустои вилояти Суғди Тоҷикистонро фаро мегирад.

Александр Аванесов-раҳбари намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Бишкек ҳангоми муаррифии барнома гуфт, “ҳадаф роҳандозӣ кардани ҳамкориҳои марзии миёни ду кишвар, пешгирӣ аз ҳолатҳои ҷанҷолбарангез дар марз мебошад”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, қабл аз оғози ин барнома онҳо муддатҳои тӯлонӣ вазъро дар марз омӯхтаанд ва бо сохторҳои давлатии Қирғизистон ҳамкорӣ доштаанд.

Дар ин маросим Абдураҳмон Маматалиев-муовини нахуствазири Қирғизистон изҳор дошт, ки Қирғизистону Тоҷикистон ба чунин барномаҳо ниёз доранд. Вай гуфт, ки чунин тарҳҳо муносибати имрӯзии миёни ду кишварро беҳбуд мебахшад.