Сенати Амрико ба иттифоқи оро пешнависи қонунеро ба тасвиб расонд, кибар асоси он Конгресс метавонад қарордоди имкондошта дар бораи маҳдудияти фаъолиятҳои ҳастаии Эронро баррасӣ кунад. Маҳдудияти фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дар ивази коҳиши таҳримҳои Ғарб дар назар дошта шудааст.
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико, ки дар оғоз мехост ба ин пешнависи қонун вето гузорад, акнун мухолифати худро канор гузоштааст, зеро ҳар ду ҳизби Cенат аз он ҷонибдорӣ карданд.
Исроил аз тасвиби чунин қонун дар Сенат изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, садои қонунгузорони Амрико аз имзои “қарордоди бад” бо Эрон пешгирӣ мекунад.
Кумитаи равобити хориҷаи Сенат, ки аз 19 нафар иборат аст, 14 апрел ба иттифоқи оро ба ҷонибдорӣ аз илова дар санади Бозрасии қарордоди ҳастаии Эрон рай дод. Дар ин маврид демократҳо ва ҷумҳурихоҳон ба тавофуқ расиданд.
Шаш қудрати ҷаҳонӣ Амрикову Русия, Чину Британия ва Фаронсаву Олмон 2 апрел дар Лозаннаи Шветсария бо Эрон дар бораи чаҳорчӯбаи созишномаи ниҳоии маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон дар ивази коҳиши таҳримҳои Ғарб ба тавофуқ расиданд.