Пешбинӣ: То 13% коҳиш ёфтани пулҳои интиқолӣ

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳаҷми пулҳои интиқолӣ ба кишварҳои рӯ ба рушди Аврупо ва Осиёи Миёна дар соли ҷорӣ 12,7 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Соли 2014 ҳаҷми пулҳои интиқолӣ ба ин кишварҳо дар муқоиса бо соли 2013 6,3 дарсад коҳиш ёфта буд.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ, ки 13 апрел нашр кард, мегӯяд, ҳаҷми пулҳои интиқолҳои пулӣ ба панҷ кишвари Осиёи Миёна дар соли 2014 беш аз 10 дарсад ва ё 11 миллиарду 91 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Сабаби асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолиро Бонки ҷаҳонӣ ба рукуди иқтисодӣ дар Русия марбут донистааст, ки боиси аз даст додани ҷои кори муҳоҷирон шудааст. Ба ҷуз ин, уфти қурби рубли русӣ ба коҳишёбии даромади воқеии муҳоҷирон сабаб шудааст, ки дар натиҷа арзиши пулҳои интиқолӣ ҳангоми бозгардон кардан ба доллар то андозае ночиз шудааст.

“Кишварҳои Осиёи Миёна беш аз ҳама аз коҳиши мизони интиқолҳои пулӣ зиён диданд, чунки сахт вобастаи ин пулҳоянд,”- гуфта мешавад дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ. Дар идомаи ин гузориш мехонем, “Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дунё аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон вобаста аст.”

Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2013 ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик ба 49 дарсад аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар будааст. Кошик Басу, иқтисоддони аршади Бонки ҷаҳонӣ дар ин гузориш гуфтааст, тибқи арзёбиҳо нисфи хароҷоти истеъмолӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули фиристода аз хориҷ бароварда мешавад.