Мурофиаи ду шарики Роҳат Алиев дар додгоҳи Вена

Роҳат Алиев

Ду шаҳрванди Қазоқистон рӯзи 14 апрел мавриди бозрасӣ дар додгоҳи шаҳри Вена, пойтахти Австрия қарор мегиранд. Раҳбари пешини идораи ҷосусӣ Алнур Мӯсоев ва муҳофизи собиқи раисиҷумҳур Вадим Кошляк дар мусоидат ба рабудан ва куштори ду корманди аршади Нурбонки Қазоқистон дар соли 2007 айбдор мешаванд. Роҳат Алиев, муттаҳами асосӣ аз рӯи ин парванда, моҳи феврали соли равон худро дар зиндони Вена ҳалқовез кард.

Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мақоми сафири кишвар дар Австрия барканор ва аз сӯи додгоҳи Қазоқистон бо иттиҳоми ҷинояткории муташаккил ва талоши табаддулоти давлатӣ дар ғайбаш ба 40 соли маҳбас маҳкум шуд. Аммо ӯ эълом дошт, ки иттиҳоми Остона ангезаи сиёсӣ дорад.

Мақомоти Австрия талаби Қазоқистон барои истирдоди Алиевро рад карданд ва тафтишоти худро шурӯъ намуданд. Роҳат Алиев моҳи июни соли 2014, баъд аз он ки додситонии Австрия ӯро дар куштори кормандони бонк гумонбар донист, боздошт шуд.