Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав, гуфтааст, бояд ба мардуми Русия нишон дод, ки ҳамроҳи онҳо намояндагони миллати бузурге бо таърихи қадимӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ишораи оқои Сатторов ба тақрибан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки барои дарёфти рисқу рӯзӣ ба Русия рафта, дар он ҷо машғули кору зиндагиянд.
Сафири Тоҷикистон ин ҳарфҳоро шоми 13 апрел ҳангоми тамошои намоишномаи “Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?”-и Раҳмон Одинаев дар шаҳри Маскав , ки бар асоси рубоиҳои Умари Хайём омода шудааст, баён доштааст. Ӯ гуфтааст, "чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, то имиҷи Тоҷикистон дар Русия боло бурда шавад."
Имомуддин Сатторов афзудааст, "тоҷикон беҳтарин донишмандону файласуфон ва шоиронро ба ҷаҳониён додааст, ки осори онҳо ҷузъи ҷудонопазири тамаддуни ҷаҳонист. Дар ин бора бояд бештар бигӯем, чорабиниҳои фарҳангӣ, шабҳои шеъру намоишгоҳи рассомонро баргузор кунем, то ба ҷомеаи Русия бифаҳмонем, ҳамроҳи онҳо намояндагони як миллати бузург, ки дорои таърихи қадимист, зиндагиву кор мекунанд."