Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 апрел бо донишҷӯёни тоҷики муқими Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот беш аз 60 донишҷӯи тоҷик ширкат кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот хитоб ба донишҷӯён гуфтааст, ки "аз фурсати таҳсил дар ин кишвари мутараққии ҷаҳон пурсамар истифода бурда, дониши илмию техникӣ ва технологии худро ҳамаҷониба тавсиа бахшанд ва оянда дар инкишофу пешрафти ватани худ, Тоҷикистони азиз саҳми намоён гузоранд."
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот аз ҷумла гуфтааст, ки бурсияҳои таълимии Кореяи Ҷанубӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар оянда бештар хоҳанд шуд. Дар ҳоли ҳоли дар ин кишвари пешрафтаи осиёӣ 100 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил илм мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳошияи ин мулоқот миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳавонавардии Кореяи ҷанубӣ доир бар омодасозии кадрҳои тоҷики ин соҳа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 соҳибкори тоҷик дар Кореяи ҷанубӣ фаъолият мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир зимни як сафари расмӣ дар Кореёи Ҷанубӣ қарор дорад ва дар ҳамоиши ҳафтуми ҷаҳонӣ дар масъалаи об иштирок кард.