Гуфтушуниди сулҳи Украина дар Берлин

Франк Волтер Штайнмайер

Қарор аст 13 апрел дар Берлин дар бораи иҷрои созишномаи оташбаси миёни нируҳои ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия музокира баргузор шавад.

Дар ин музокира вазирони корҳои хориҷа Франк Волтер Штайнмайер-Олмон, Лорен Фабиус-Фаронса, Сергей Лавров-Русия ва Павло Климкин-Украина ширкат меҷӯянд.

Моҳи феврал бо миёнҷигарии раҳбарони Олмону Фаронса дар Минск-пойтахти Беларус ин созишномаи оташбас имзо шуда буд. Вале то ҳол шиддати муноқишаҳо боқӣ мондааст.

Пеш аз музокироти 13 апрел Штайнмайер аз Маскуву Киев хост, ки марҳилаи аввали созишномаи Минскро ҷонибҳои даргир иҷро кунанд. Вай ин нуктаро ба рӯзномаи Die Welt изҳор доштааст.

Штайнмайер гуфт, дар марҳилаи баъдӣ омодагӣ ба интихоботи маҳаллӣ дар минтақаҳои зери тасарруфи ҷудоихоҳон, расондани кӯмакҳои башарӣ ва бозсозии шарқи Украина дар назар гирифта шудааст.