Дар ҷараёни машваратҳои солонаи миёни Амрико ва Қирғизистон дар Вашингтон масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахши рушди демократия баррасӣ шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон хабар додааст.
Дар ин машваратҳо ҳайати Қирғизистонро Эрлан Абдилдаев-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар раҳбарӣ мекунад. Вазири қирғиз дар ҷараёни ин боздид бо Вендӣ Шерман-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико низ мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот масъалаҳои минтақаи ва байналмиллалӣ баррасӣ шудааст.