Торнамои сафорати Туркманистон дар Минск, пойтахти Белорусро афроди номаълум рахна кардаанд. Эҳтимол меравад, дар ин кор гурӯҳҳои тундрави “Давлати исломӣ” даст доранд.
Ин торнамо бо номи turkmenistanembassy.by 9 апрел дастнорас буд. Ин вазъ дар ҳоле пеш омад, ки як акси сиёҳ-сафеди марде пайдо шуд, ки ниқоб ва кӯлоҳи сиёҳ дошт ва рӯи он навишта шуда буд: "Ло иллоҳа илалоҳ". Дар болои ин акс навиштае ба чашм мерасид: "Абдуллоҳ ал Мағрибӣ ворид шуд". Ва ба забони русӣ ҳам навишта шуда буд: "Вебсайт в режиме обслуживания".
Сафорати Туркманистон дар Минск дар бораи дастнорасӣ ба торнамои худ тавзеҳот надодааст.