Тақвияти пуштибонии ИМА аз ҷанг бо ҳусиҳо

Энтонӣ Блинкен

ИМА интиқоли силоҳ ва дигар кӯмакҳо ба Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудиро, ки алайҳи шибҳанизомиёни ҳусӣ дар Яман меҷангад, афзоиш медиҳад.

Энтонӣ Блинкен, муовини вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 7 апрел гуфт, Арабистони Саъудӣ ба ҳусиҳову ҳампаймонҳои онҳо паёми возеҳ медиҳад, ки онҳо наметавонанд аз роҳи зӯроварӣ Яманро ишғол кунанд. Ӯ баъд аз музокирот дар Ар-Риёз бо вазири дифои Арабистони Саъудӣ Муҳаммад бини Салмон ва дигар мансабдорони воломақоми кишвар гуфт, ки “дар пуштибонӣ аз ин талошҳо мо интиқоли силоҳро суръат бахшидем”.

Дипломати амрикоӣ афзуд, ки ИМА ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши кашф ва тарҳрезиву ҳамоҳангсозии амалиёт бо Арабистони Саъудиро тақвият мебахшад.