Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки рӯзи 7 апрел дар Душанбе паси дарҳои баста сурат гирифт, аз омодагии ҷиддии нерӯи зидди ҳавоии кишварҳои ИДМ дар баробари таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ҳамлаҳои ногаҳонии ҳавоӣ дар марз, хабар дод. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, генерал Шералӣ Мирзо дар оғози ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсози Шӯрои вазирони дифои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба вазъи нерӯи ҳавоии кишварҳои ИДМ суханронӣ кард ва аз омодагии ҷиддии Тоҷикистон ҳамчун марзи ҷанубии кишварҳои ИДМ, иттилоъ дод. Ба қавли Фаридун Маҳмадалиев, Шералӣ Мирзо таъкид кардааст, ки ҳаводиси Сурия ғайримунтазира тезутунд шуд ва бояд кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва хусусан Тоҷикистон, ба ҳамаи навъҳои ҳамла аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ аз ҷануб, омода бошанд. Ба гуфтаи манбаъ, Шералӣ Мирзо дар ин нишаст гуфтааст, ки ҷиҳати тақвияти тавонмандии дифоии Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳо, ҳамоҳангии босамари кишварҳои узв зарур аст, то дар баробари ҳамлаҳои ҳавоӣ хатти дифои зидди ҳавоӣ, дар ҳамаи шароит омода бошанд. Масъалаи дигаре, ки Шералӣ Мирзо дар ин нишаст таъкид кардааст, ин тақвияти марзи Тоҷикистон ва муҷаҳҳаз намудани он бо фановариҳои ҳарбӣ барои назорати шабонрӯзии хутути марз, ҳамчунин тарбияи кадрҳои ҳирфаӣ ва маблағгузории лозима будааст.