Дилшод Қосимов-шаҳрванди Узбакистон, ки дар Нию Йорк ба сар мебарад, яке аз чаҳор гумонбаре мебошад, ки барои ҷалби шаҳрвандони Амрико ба сафи тундравони исломӣ дар Сурия муттаҳам мешаванд. Вайро додгоҳи федеролии Бруклин 6 апрелба терроризм муттаҳам кард.
Се нафари дигар пештар муттаҳам эълон шуда буданд. Қосимов барои пинҳонкорӣ ва талоши кӯмакҳои моддӣ ба як созмони террористӣ муттаҳам дониста мешавад.
Додситонҳо мегӯянд, ки Қосимов бо Аброр Ҳабибов ҳамкории наздик доштааст, то барои сафари Аҳрор Саидаҳмадов ба Сурия ва пайвастани вай ба тундравҳои Давлат ё Хилофати Исломӣ 1 600 доллар ҷамъоварӣ кунанд.
Саидаҳмадов 19 сола аст ва бо ин миқдор пул дар фурудгоҳи байналмиллалии Нию Йорк 25 феврал боздошт шуд. Вай мехост аз фурудгоҳи ба номи Кеннедӣ ба Туркия парвоз кунад.
Бар асоси ҳуҷҷатҳои додгоҳ, Қосимов эътироф кардааст, ки ба Саидаҳмадов пул додаст ва медонист, ки вай бояд ба Сурия сафар кунад.
Саидаҳмадов, Ҳабибов ва Абдурасул Ҷӯрабоев муҳоҷирони корӣ аз Узбакистону Қазоқистон мебошанд ва моҳи гузашта муттаҳам эълон шуданд.