Расонаҳои давлатии Сурия дар бораи аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” таронидани як калисо дар вилояти Ҳассака хабар доданд. Ин ҳодиса рӯзи 6 апрел, дар аввалин рӯзи Пасха ё Иди Пок ба вуқуъ пайваст.
Ба навиштаи хабаргузории SANA, ситезаҷӯён маводи таркандаро дар калисо Мария дар рустои ошуриён Тел-Насрӣ ҷойгузорӣ карда буданд. Дар ин минтақа даргириҳо миёни ситезаҷӯён аз “Гурӯҳи исломӣ” ва мусаллаҳони масеҳиву курд сурат гирифтанд.
Дар бораи қурбониёни таркиш дар калисо иттилое зери даст нест.
Гурӯҳи “Давлати исломӣ” моҳи феврал дар шимолу шарқи Сурия беш аз 200 тан аз ошӯраҳои масеҳиро рабуда буд. Моҳи гузашта 19 нафари онҳо раҳо карда шуданд, макони буду боши дигарон маълум нест.
Ба иттилои расмӣ, то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия дар соли 2011 тақрибан 40 ҳазор ошураҳои масеҳӣ ба сар мебурданд.
Гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз ин пеш ибодатгоҳу ҷойҳои муқаддаси шиаҳову аҳли тасаввуфро хароб карда буд.