Андӯҳи кумита аз марги 8 ҷавон дар Файзобод

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон нисбат ба марги фоҷиавии 10 сокини Яккабеди ноҳияи Файзобод, ки 8 нафари онҳо ҷавон мебошанд, изҳори тасаллият кардааст.

Наврӯз Қурбонзода, масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 6 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар бисёр ҳолат инсон дар муқобили офатҳои табиӣ оҷиз мемонад, аммо ҷавононе, ки дар ин ҳодиса ҷони хешро аз даст доданд, ҳамеша дар ёди мо хоҳанд монд”.

Ба қавли ӯ, дар номаи тасаллияти Кумитаи ҷавонон ва Иттифоқи ҷавонон таъкид шудааст, “якбора қурбон гардидани 10 нафар, ки миёнашон 8 ҷавон мебошад, мо ва кулли ҷавонони кишварро сахт андуҳгин намудааст. Ин ҳодисаро мо, ҷавонон ҳамчун фоҷиа қабул мекунем.”