Аз ҳоло дар маҳфилҳои коршиносии русӣ ҳадс зада мешавад, бо фаъол шудани бозори нафти Эрон, эҳтимол иқтисоди Русия, ки аз фурӯши нафти хом даромади ҳангуфте мебинад, осеб хоҳад дид.
Баробари эълони хабари расидан ба тавофуқи муқаддамотӣ дар остонаи имзои созиши ниҳоӣ бо Эрон, ки то 30 июн бояд комилан ниҳоӣ шавад, нархи нафти навъи Brent дар бозори ҷаҳонӣ то 55 доллар барои ҳар бушка коҳиш ёфт. Ин коҳиш 5,4 дарсадро ташкил додааст. Дар сурати имзои созиши ниҳоӣ то охири моҳи июни имсол ва бардошта шудани таҳримҳо, аз ҷумла дар бахши фурӯши нафти Эрон дар бозори ҷаҳонӣ, ширкатдорони бозори нафти ҷаҳон афзоиш меёбад ва ҳузури ин кишвар ҳам ба нархҳо таъсир хоҳад кард.
Эрон чорумин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон буда, рӯзона ҳудуди 2,85 миллион бушка нафтро тавлид ва танҳо 1 миллионашро содир мекунад.
То куҷо бо эҳтимоли бардошта шудани таҳримҳо нисбат ба Эрон шароити
бозори нафт тағйир меёбад ва ин чӣ таъсире ба бозигарони муҳими дигари ин бозор, аз ҷумла Русия хоҳад дошт?
Сергей Сенинский, таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар бахши русии Радиои Озодӣ мегӯяд, тағйиротро танҳо баъд аз имзои созишномаи ниҳоии расмӣ бояд интизор шуд. "Барои бекор шудани таҳримҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи нафти Эрон, пеш аз ҳама мувофиқати МАГАТЭ – Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаии Созмони Милал лозим аст, ки бигӯяд, Теҳрон мувофиқи ҳама қарордодҳо амал мекунад. Бо тадриҷан бекор шудани таҳримҳо, фарз кардем, Эрон ҳақ пайдо мекунад, нафтро ба бозори ҷаҳонӣ фурӯшад,"-гуфт Сенинский.
Мусоҳибаи дигар дар бораи Эрон:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар бахши русии Радиои Озодӣ афзуд, Эрон тавони содироти ҳаҷми зиёди нафтро дорад, аммо иқтидораш барои коркарди он камтар аст: "Ҳоло ҳаҷми захираҳои нафти мавҷудаи Эрон, ки дар назари аввал метавонад базудӣ ба бозори ҷаҳонӣ бароварда шавад, 35 миллион бушка нафт аст. Барои муқоиса, рӯзона дар ҷаҳон 92 миллион бушка нафт масраф мешавад. Ин танҳо сеяки тамоми ҳаҷми якрӯзаи масрафи нафт дар ҷаҳон аст."
Иқтисодшинос мегӯяд, дар сурати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли нафт, бозори харидорони нафти Эрон ҳам тавсеа меёбад, вале ин ҳама ҷараёнҳо чандин моҳ ва ҳатто то як сол идома хоҳад кард. Аз ин хотир, ба гуфтаи ӯ, агар фаъолшавии барномаи содироти нафти Эрон ба бозори ҷаҳонӣ таъсир кунад, тағйирот метавонад танҳо дар охири соли 2016 ба мушоҳида расад.
Рӯзи 3 апрел қимати як бушка нафт дар бозори ҷаҳонӣ баъди чанд соати эълони тавофуқи муқаддамотии ҳосилшуда бо Эрон ва пастравии 5-дарсадаву барқароршавиаш, чизе бештар аз 55 доллар буд. Қимати рубли русӣ ҳам, ба гуфтаи коршинос, зиёд тағйир накард ва бо назардошти пастравии шадидаш дар баробари доллар дар моҳҳои охир, дигар нашуд.
Эрон дар посух ба таҳримҳои давлатҳои ғарбӣ фурӯши нафтро ба Амрико ва Бритониё дар соли 2012 ва ба Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2013 қатъ кард. Қабл аз он Эрон рӯзона 2,5 миллион бушка нафтро рӯзона ба фурӯш медод ва соли 2014 ҳаҷми содирот то 1,2 миллион бушка кам шуд. Ҳоло ҳаҷми тавлиди нафт дар Эрон рӯзе 2,85 миллион бушкаро дар рӯз ташкил медиҳад ва аз ин ҳаҷм 1 миллион бушкаашро ба Чин ва дигар кишварҳои осиёӣ содир мекунад. Эрон гуфтааст, дар сурати аз байн бурдани таҳримҳо, омода аст ҳаҷми тавлиди нафтро афзоиш диҳад.
Калонтарин тавлидкунандагони нафт дар ҷаҳон аз рӯи арзёбиҳои Оҷонсии байналмилалии энержӣ Арабистони Саудӣ, Русия, ИМА, Чин, Эрон, Канада, Имороти Муттаҳидаи Араб, Венесуэла, Кувайт ва Ироқ ба ҳисоб мераванд.