Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар мавриди "андозаҳои калидӣ-ии созишномаи фарогири ҳастаӣ, ки бояд то 30 июн ниҳоӣ шавад, ба тавофуқ расиданд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, "тафоҳуми ҳастаӣ" миёни шашгона ва кишвараш, ки рӯзи 2 апрел ба даст омад, ба "ҳофизаи таърихии мардуми Эрон" табдил хоҳад ёфт. Вай афзуд, дар ҷаҳони имрӯз на зӯргӯӣ, балки шинохти манфиати тарафайн нақши асосӣ хоҳад бозид.
Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар мавриди "андозаҳои калидӣ"-ии созишномаи фарогири ҳастаӣ, ки бояд то 30 июн ниҳоӣ шавад, ба тавофуқ расиданд. Сарвари сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо, Федерика Могеринӣ бо қироати эъломияи якҷояи шашгона ва Эрон дар нишасти хабарӣ дар Лозани Швейтсария гуфт, рӯзи 2 апрел тарафҳо ба созише расиданд, ки "қадами ҳалкунанда" дар гуфтушуниди тӯлонии расидагӣ ба барномаи ҳастаии Эрон дар ивази сабук кардани таҳримҳои иқтисодист.
Вай афзуд, тавонмандии Эрон дар ғанисозии уран коҳиш хоҳад ёфт ва дар қарордои оянда, дар миёни шартҳои дигар маркази Фардо ба пажӯҳишгоҳи физикаи ҳастаӣ табдил дода хоҳад шуд.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ёддошти тафоҳумро "як созиши хуб" номид ва гуфт: "Баъд аз моҳҳои дарози дипломатияи усули қавӣ мо доираи созишро рӯшан кардем. Ва ин як созиши хуб аст. Созишест, посухгӯи талабҳои бунёдии мост. Ин доира ҳама гуна роҳро барои дастёфти Эрон ба силоҳи ҳастаӣ хоҳад баст."
Ҳамзамон Барак Обама корро “нотамом” хонд ва гуфт, аз ҳоло то моҳи июн гуфтугӯҳо идома хоҳанд кард, то тарҳи қарордоди ниҳоӣ омода гардад. Ва агар дар ин байн эрониҳо ақибншинӣ кунанд ва низоми тафтишу тасдиқ ба талаби коршиносони амниятӣ ҷавобгӯ набошад, созише ҳосил нахоҳад гашт.
ВОКУНИШҲО ДАР ЭРОН
Бисёре аз эрониҳо эълони созиш дар Лозанро ошкору ниҳон ҷашн гирифтанд, зеро ин дастовард метавонад ба созиши доимии ҳастаӣ роҳ кушояд ва барои Эрон иқтисоди беҳтар, ҷойи кори зиёдтар ва алоқаҳои наздиктар бо ҷаҳони берунаро ба миён орад.
Дар навор ва аксҳо аз Теҳрон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, хурсандии эрониҳо дида мешавад.
Як сокини Теҳрон бо номи Мӯсо мегӯяд: “Хушҳолем, хушҳолем, баъд аз даҳ соли ақибафтодагии ин мамлакат мо воқеан хушҳолем. Аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ пешрафт хоҳем кард. Ин барои мо як бурди воқеӣ аст.”
Ва эронии дигар бо номи Мино мегӯяд: “Дидани хушҳолии мардум воқеан хушҳолкунанда аст. Мардум хушҳоланд, ки каме аз зери фишор берун меоянд ва ин боиси хурсандии ҳамаи мардум аст, чун эрониҳо мардуми хубу бофарҳанганд ва бо ҳеч ҷоим дунё ҳам душмание надоранд.”
Аммо ҳамзамон бо шодмониҳо дар Теҳрон садоҳои эҳтиёткорона низ баланд мешаванд. “Ман замоне шод хоҳам шуд, ки созиши ниҳоӣ ба даст ояд. Дар ҳоли ҳозир, тақрибан чизе ба даст наомадааст. Ман каме нигаронам, ки раҳбари олӣ Хоманаӣ ва дастаи ӯ метавонанд, ин созишро ба гунае халалдор кунанд,” – мегӯяд як зани эронӣ, модари ду фарзанд. Вай бар ин аст, ки созиши мазкур мушкилоти Эронро ҳал карда наметавонад. Аммо умедворие ба оянда медиҳад.
НАЗАРИ КОРШИНОСОН
Келсӣ Давенпорт, мудири сиёсатҳои пешгирӣ аз густариши силоҳи ҳастаӣ дар Анҷумани Назорати Силоҳ мегӯяд, аз нуқтаи назари роҳ надодан ба силоҳи ҳастаӣ чораҳое, ки тарафҳо сари онҳо ба созиш расиданд, хеле қавиянд.
Вай мегӯяд: “Созиш роҳи Эронро ба самти силоҳи ҳастаӣ ба гунаи ҷиддӣ мебандад ва дидбонию тафтиши шадидро ҷорӣ мекунад. Дар натиҷа ҳама гуна нақзи созиш ё барномаи махфӣ метавонад, ба зудӣ фош гардад.”
Яке аз масъалаҳои баҳсталаб ба чархаҳо ё сентрифугаҳо рабт дошт, ки барои ғанисозии уран истифода мешаванд. Бино бар созишномаи 2 апрел Эрон шумораи чархаҳои насбкардаашро аз 19 000 адади феълӣ ба 6104 адад поин меорад. Аз инҳо 5060 чарха барои ғанисозии уран дар 10 соли оянда истифода хоҳанд шуд. Ҳамаи чархаҳое, ки боқӣ мемонанд, аз насли аввал IR-1 буда, аз намунаҳои нав ба маротиб камтар уранро ғанӣ мегардонанд. Чархаҳои зиёдатӣ анбор мешаванд ва таҳти назорати Бунгоҳи Байнулмилалии Нерӯи Ҳастаӣ мемонанд.
Эрон ризоият дод, ки миқдори камтари уранро ба дараҷаи камтар ғанӣ мегардонад, яъне дар сатҳи хеле поинтар аз имкони истифодаи он барои бунёди силоҳи ҳастаӣ. Қарор шуд, ки дар 15 сол анбори урани ғанисозишудаи Эрон аз 10 000 килограм то 300 килограм коҳиш дода шавад. Теҳрон ҳамчунин аз бунёди ҳама гуна иншооти нави ҳастаӣ барои 15 соли оянда даст хоҳад кашид.
Бино бар созиши 2 апрел, Эрон ба Бунгоҳи Байнулмилалии Нерӯи Ҳастаӣ имкони дастрасии доимӣ ба ҳамаи иншооти ҳастаӣ ва конҳои урани худ медиҳад. Бозрасони ин ниҳоди Созмони Милал ҳақ хоҳанд дошт, ҳама гану фаъолиятҳои аз нигоҳи онҳо шубҳабарангезро пажӯҳиш кунанд.
Марк Фитспатрик, мудири Барномаи адами густариши силоҳи ҳастаӣ дар Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои стратегии Лондон мегӯяд, ин қарордод, дидбонии амиқи зербинои ҳастаии Эронро таъмин хоҳад кард.
“Агар Эрон хоҳад, яке аз иншооти эълоншудаи худро истифода барад, ин хеле зуд ошкор хоҳад гашт. Агар Эрон чизеро пинҳон кардан хоҳад, ин ҳам, зоҳиран, зуд фош хоҳад шуд, зеро бино бар созиши ҳосилшуда, чораҳои санҷишии Бунгоҳи Байнулмилалии Нерӯи Ҳастаӣ хеле фаротар аз чораҳои қаторӣ хоҳад буд.”
САРНАВИШТИ ТАҲРИМҲО
Бино бар маълумотномаи Иёлоти Муттаҳида агар Эрон “ба гунаи санҷидашаванда ба ваъдаҳои худ садоқат нишон диҳад”, аз таҳримҳо озод хоҳад гашт.
Ин иқдом лағви таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо ва беэътибор шудани ҳамаи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милалро дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон фаро мегирад ва дар ҳоле рӯй медиҳад, ки Эрон ба ҳамаи “нигарониҳои калидӣ” расидагӣ ва ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад.
Аммо Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи наверо қабул хоҳад кард, ки бандҳои пешинаи марбут ба “интиқоли фанновариҳои ҳассос ва фаъолиятҳои марбут ба он”-ро ҳифз хоҳад кард.
Агар Эрон ӯҳдадориҳои худро ба ҷо наорад, таҳримҳои ИМА ва ИА фавран ба ҷойи худ хоҳанд баргашт. Ва агар баҳси ҳалнашавандае ба миён ояд, СММ метавонад таҳримҳоро дубора ҷорӣ намояд.
Таҳримҳои СММ, ки ба “терроризм, ҳуқуқи инсон ва мушакҳои болдор” дахл доранд, бетағйир мемонанд.
Давенпорт мегӯяд, вақте созиш ба иҷро мерасад, “Эрон хеле зуд аз таҳримҳо озод хоҳад гашт”.