Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи ҷумъа вориди Туркия шуд, то бо мақомоти ин кишвар бӯҳрони Яманро баррасӣ кунад. Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Покистон, қарор аст, ки Навоз Шариф бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва нахуствазир Аҳмад Довудоғлу дар робита ба вазъи Яман табодули афкор кунад.
Рӯзи 2 апрел Навоз Шариф баъд аз бозгашти як ҳайати сиёсиву низомии Покистон аз Арабистони Саъудӣ нишасти вижае доир намуд. Дар изҳороти дар фарҷоми нишаст пазируфташуда омадааст, ки Покистан ба ҳама гуна нақзи якпорчагии Арабистони Саъудӣ аз сӯи дигар кишвар вокуниши шадид нишон хоҳад дод. Дар изҳорот “аъмоли гурӯҳҳои ғайридавлатӣ барои сарнагун кардани ҳукумати қонунии Яман” маҳкум шудааст. Покистон ҳампаймони наздики Арабистони Саъудӣ маҳсуб мешавад.
Қарор аст, ки парлумони Покистан дар нишасти махсус рӯзи 6 апрел мавзӯи пайвастани кишвар ба Эътилофи таҳти сарварии Арабистони Саъудӣ зидди ошӯбгарони шиамазҳаби ҳусӣ дар Яманро баррасӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузориҳо, бо вуҷуди зарбаҳои ҳавоии Арабистони Саъудӣ шибҳанизомиёни ҳусӣ рӯзи панҷшанбе Аден, дуввумин шаҳри бузурги Яманро таҳти назорат гирифтанд. Дар ин шаҳр чанд рӯз боз даргириҳои ҳусиҳо бо нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури барканоршуда Абдрабу Мансур Ҳодӣ идома доштанд. Ошӯбгарон баъд аз чанд соати вуруд ба шаҳр вориди қароргоҳи раисиҷумҳур шуданд, ки дар як теппа дар маркази Аден ҷойгир шудааст.