Се кишвар ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд

Вазирони дифои Гурҷистону Туркия ва Озарбойҷон 2 апрел дар Тифлис бо ҳам мулоқот ва ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд. МиндиаҶанелидзе-вазири дифои Гурҷистон гуфт, механизми ҳамкориҳои сеҷонибаи ниозмӣ, ки як соли пеш фаъол шуда буд, ба ин маъност, ки бояд аз сулҳу амният дар минтақаҷонибдорӣ шавад.

Ҷанелидзе гуфт, “Ҳадафи он муқобила ба ҷонибҳои дигар нест, балки он ба рушди касбии нируҳои мо кӯмак мекунад”. Исмат Йилмоз-вазири дифои Туркия гуфт, ки “ҳамкориҳои сеҷонибаи низомӣ механизми хубе барои суботи минтақа аст”.

Аммо Зокир Ҳасанов-вазири дифои Озарбойҷон Арманистони ҳамсояро муттаҳам кард, ки бо Озарбойҷон барои минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳистонӣ дар ҳолати муноқиша қарор дорад. Вай афзуд: “Арманистон ягона кишвар дар минтақа аст, ки бо кишвари мо даъвои қаламрав дорад. Мо дар оянда ин мушкилро ҳал мекунем”.

Аз сӯи дигар, вазорати дифои Русия гуфтааст, ки пойгоҳи нируҳои ҳаволиаш дар Арманистон 2 апрел ба машқҳои серӯзаи низомӣ шуруъ кардаанд.