Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия санади ҳамкорӣ барои соли 2015 ба имзо расидааст. Ин санади ҳамкорӣ дар пайи дидору гуфтугӯи Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия рӯзи 2 апрел дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Ба иттилои расмӣ, густаришу тақвияти ҳамкориҳои шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ - иқтисодӣ, низомӣ, илмӣ ва фарҳангиву башарӣ дар меҳвари мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Сергей Лавров будааст. Ҷонибҳо дар масоили байналмилалӣ низ мубодилаи афкор намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ музокирот анҷом дод.
Дидору гуфтугӯи Сергей Лавров бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар ҳошияи ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Душанбе сурат гирифт.