Наҷотёфтагони киштии Русияро сармо задааст

Киштии моҳигирии "Дальний Восток"

Ҳамаи шахсони наҷотёфтаи киштии моҳигирии Русия бо номи "Дальний Восток"-ро, ки дар баҳри Охотский ғарқ шуд, сармо задааст. Дар ин бора вазорати вазъияти фавқулоддаи Русия хабар дод. Бино ба ин хабар, онҳо муддати тӯлонӣ дар об будаанд, обе, ки ҳарорати он ба сифр баробар ё камтар будааст.

10 нафари онҳо дар вазъи сангин қарор доранд. То ҳол аз об 63 нафарро баровардаанд ва ҷасади 54 нафарро пайдо кардаанд. Ҷустуҷӯи 15 нафари дигар идома дорад.

Ин киштӣ шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе дар 300 километрии шаҳри Магадан дар баҳри Охотский бо 132 нафар шаҳрванди Русияву Мянма, Латвияву Украина ва Вануата ғарқ шуд.