Муҳокимаи 23 сокини вилояти Суғд, ки ба иттиҳоми узвият дар созмону гурӯҳҳои ифротӣ боздошт шудаанд, рӯзи 31 март дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО аз сӯи додгоҳи Хуҷанд оғоз ёфт. Ба қавли манобеи мо аз додгоҳи Хуҷанд, дар курсии айбдорӣ сокинони ҷавон аз чанд ноҳияи минтақа, асосан аз ноҳияҳои Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров нишастаанд.
Алайҳи ин афрод бар асоси бандҳои 187, қисми 2, яъне "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ” ва 307, қисми 3 - "иштирок дар фаъолияти созмони фаъолияташ мамнӯъ"- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. ин 23 сокини Суғд охирҳои соли гузашта ва аввали соли равон ба гумони мансубият ба созмони “Ансоруллоҳ” дастгир шуда, тафтиши парвандаро мақомоти додситонӣ анҷом додаанд.
Як манбаи наздик ба тафтиши ин парванда гуфт, дар оғоз парвандаи ин афрод 2 тақсим, барои 13 ва 10 нафaр буд. Вале дар анҷоми тафтиш онро якҷоя карда, ҷиҳати бозбинӣ дар ихтиёри додгоҳи Хуҷанд гузоштаанд.
Ҳоло дар додгоҳи Хуҷанд парвандаи дигаре алайҳи як сокини ноҳияи Исфара бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳаракати исломии Узбакистон низ идома дорад. Раёсати вазорати корҳои дохилии Суғд ҳанӯз аввали моҳи январ эълон дошта буд, аз моҳи сентябри соли 2014 то аввали моҳи март бо иттиҳоми фаъолият дар ҳайати созмонҳои тундрав 137 нафар боздошт шудаанд.