Тундбод ба Хатлон 300 ҳазор сомонӣ зиён овард

Кумитаи ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон, хисороти ворида бар асари тундбоди шадид дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Носири Хисрави ин минтақаро ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон рӯзи душанбеи 30 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи тундбоди шаби 24 март ба ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Носири Хисрав, ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ хисорот ворид шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар пайи боди шадиди 24 март, бинои ҳукумати ноҳияи Ҷиликӯл пурра ва хонаи фарҳанг қисман хароб гардида ва дар ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон симчӯби телефон низ вайрон шудааст. Ҳамчунин боди шадид дар чаҳор ҷамоати ноҳия боми ҳудуди 50 хонаро кандааст.