Мушаки русии "Союз" ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ васл шуд. Бо ин мушак Скот Келлӣ, кайҳоннаварди амрикоӣ, Михаил Корниенко ва Геннадий Падалка, кайҳоннавардони рус барои кор ба ин истгоҳ омаданд. Келлӣ ва Корниенко дар ин истгоҳ аввалин бор як сол мемонанд, ҳарчанд кайҳоннавардонро ҳадди аксар 6 моҳ дар ин истгоҳ нигаҳ медоранд. Донишмандон мехоҳанд, бидонанд, ки мондан дар фазо ба муддати тӯлонӣ ба бадани инсон чӣ таъсир мегузорад. Ҳоло Амрико ва чанд кишвари дигар барнома доранд, ки дар солҳои оянда инсонҳоро низ ба курраи Миррих бифристанд, ки сафар ба онҷо на камтар аз як сол идома мекунад. Бар изофаи мондан зери таъсири радиатсияи зиёновар, устухону мушакҳои кайҳоннавардон заиф мешавад ва дар иммунитет ва кори дилу дигар аъзои бадан тағйирот ба вуҷуд меояд. Донишмандон вазъи равониву ҷисмонии Келли ва Корниенко пеш аз парвоз, дар фазо ва баъди онро таҳқиқ мекунанд, то бубинанд, дар як соли мондан дар бевазнӣ чӣ тағйироте дар онҳо ба амал меояд.