Идомаи зарбаҳо болои хусиҳо дар Яман

Ҳавопаймоҳои Арабистони Саъудӣ бомборони мавқеъҳои шибҳанизомиёни шиамазҳаби хусиро дар Яман идома доданд. Бар пояи хабарҳо, шоми 26 март мавқеъҳои хусиҳо дар шаҳри Санъо мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар амалиёти низомӣ алайҳи хусиҳо аъзои Эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саъудӣ – Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Қатар ва Баҳрайн ҳам ширкат доранд.

Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳури барканоршудаи Яман Абдурабӣ Мансур Ҳодӣ ба Арабистони Саъудӣ омад. Ӯ тавассути баҳр аз шаҳри Аден, ки он ҷо нерӯҳои ҳукуматӣ бо шибҳанизомиёни хусӣ дар набарданд, фирор кардааст.

Арабистони Саъудӣ ва ҳампаймонҳояш дар минтақа мутмаинанд, ки шибҳанизомиёни шиа аз сӯи Эрон идора мешаванд ва ҳадафи Теҳрон таҳти назорат гирифтани Яман аст. Хусиҳо робитаашон бо Эронро рад мекунанд.

Теҳрон амалиёти низомии Арабистони Саъудӣ алайҳи хусиҳоро маҳкум кард.

Покистон, кишвари ҳаммарз бо Эрон, эълом дошт, ки дархости Арабистони Саъудӣ барои ба Яман фиристодани неруро баррасӣ мекунад.

Вошингтон ба Арабистони Саъудӣ дар ҳамоҳангсозии амалиёти низомиву корҳои марбут ба кашф кӯмак мекунад, аммо мустақиман дар амалиёт ширкат надорад.